<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><lyrics>[V1]
.Hm         Am       Hm
 Эй Зоти бечун, эй Худо,
.            Am      Hm
 Бар ман ризоят муддао.
.Em         D       Em
 Васфи ҷалолат мекунам,
.   Am                 Hm
 // Тамҷиди ҳолат мекунам.
 Боло зи дарёҳостӣ,
 Фавқи замини мостӣ.
.Em       D     Em
 Аз осмон болотарӣ,
.    Am            Hm
 //  Аз Каҳкашонҳо бартарӣ. //
 Гар хашм гирӣ як даме,
 Дунё шикаст орад ҳаме.
.Em          D       Em
 Кӯҳу камар ларзон шавад,
.    Am                    Hm
 //  Ҳам раъду ҳам борон шавад. //
 //

[V2]
 Шохи дарахтон бишканад,
 Ҳам сарви Лубнон бишканад.
 Ларзад ба худ, печад чунон
 // Саҳрои Қодеш ногаҳон. //
 Ҷангал намонад дар замин
 Аз хашми тӯфон инчунин.
 Оташ биборад бар сараш,
 // Сӯзад ҳама баргу параш. //
 Аз дарди зоиш оҳувон
 Зору заифу нотавон.
 Ту подшоҳӣ, эй Худо,
 // Бар мо гувоҳӣ, эй Худо. //

[V3]
 Хотима:
 Дар хонаву дар кӯи Ту
 Мо ҷумла тасбеҳгӯи Ту.
 Қувват диҳӣ моро чунон,
 // То шод гардад ҷонамон. //
 Дар сулҳу хайру ростӣ
 Ту раҳнамои мостӣ.
 Дар сулҳу хайру ростӣ
 // Ту раҳнамои мостӣ. //</lyrics>
<title>Эй Зоти бечун, эй Худо Хд169</title>
<hymn_number>169</hymn_number>
<key>G</key>
<aka>Ба пайравии таронаи 28 дар китоби Забур</aka>
</song>